Дар Кӯлоб бинои нави маъмурии Кумитаи идораи замин бунёд мешавад

Октябрь 13, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бинои нави Кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулкиғайриманқул» бунёд мешавад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷараёни бунёди бинои мазкур дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, ки 11 октябр дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раисони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони муассисаҳои системаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумита давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода зимни боздид аз ҷараёни сохтмони бинои маъмурии кумитаи идораи замин ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтанд, ки барои идомаи корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби даромади кумитаҳои идораи замин ва корхонаҳои давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» саҳм гузоранд.

Зикр бояд намуд, ки баъди пурра бунёд гардидани бинои мазкур, ки анҷоми корҳои сохтонӣ то охири соли равон дар назар дошта шудааст, ба кормандони кумитаи идораи замини минтақа ва шаҳри Кӯлоб, инчунин кормандони намояндагӣ ва КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ин шаҳр шароити боз ҳам беҳтари фаъолият фароҳам оварда хоҳад шуд.

 АКС аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҶТ

Октябрь 13, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд