Дар ноҳияи Айнӣ Фестивал-озмуни «Оши палов» доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ Фестивал-озмуни «Оши палов» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Фестивал-озмун бо мақсади тарғибу ташвиқи фарҳанги зебоипарастӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ, инчунин муаррифии ҳунарҳои миллӣ ба ҷаҳониён, бахшида ба солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Муқим Муродзода зикр намуд, ки саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду эҳё ва муаррифии ҳунарҳои миллию мардумии халқи тоҷик бисёр назаррас аст.
Мавриди зикр аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик номиданд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидааст.

Дар чорабинӣ ошхӯри беҳтарини озмун ва нафароне, ки дар ташкили он саҳми назаррас нишон доданд, бо туҳфа ва мукофотҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ сарфароз шуданд.
Дар охир аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд.

Аксҳо аз саҳифаи facebook-и Шодонҷон Султонов








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид






