Дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани ММД дар Тоҷикистонро Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор натиҷабахш арзёбӣ намуданд

Октябрь 6, 2021 13:32

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Тадбирҳои зиддибуҳронии андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва  масъалаи зиёд намудани  ҳаҷми маблағгузории гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор ба соҳаҳои афзалиятноки кишвар  дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба Тоҷикистон хонум Катаржина Зайдел ва Директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон Петр Трабинский баррасӣ гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди  иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ.

Завқӣ Завқизода афзуд, ки бо талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва андешидани тадбирҳои зиддибуҳронӣ устувории макроиқтисодии кишвар таъмин гардид.

Намояндагони гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА дар сатҳи 8,7 фоиз рушд кардани Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро натиҷабахш арзёбӣ намуданд.

Завқӣ Завқизода аз директорони иҷроияи гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор хоҳиш намуд, ки ҷиҳати афзоиши дастгирии молиявӣ барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, инчунин расонидани кумакҳои техникӣ дар самти тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ мусоидат намоянд, ки хуш пазируфта шуд.

Мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.

Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Октябрь 6, 2021 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид