Имрӯз дар Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

Октябрь 30, 2021 09:04

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо иштироки 812 нафар довталаб оғоз гардид, ки то 1 ноябр идома меёбад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар»  директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд Фирдавс Ашурматов.

Дар даври вилоятӣ аъзои ҳакамон, ки аз ҳисоби намояндагони  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, донишмандону омӯзгорони пешқадами вилоят таъйин гардидаанд, ба донишу малакаи довталабон баҳо медиҳанд.

Тибқи қарори Раиси вилояти Суғд, барои ҳавасманд намудани ғолибони даври вилоятӣ беш аз 403 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки  ба ғолибони ҷойи аввал 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуввум 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 2 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад. Ҳамчунин ба омӯзгорони хонандагони ғолиби озмун Сипосномаи Раиси вилояти Суғд ва мукофотпулӣ ба андозаи 2 ҳазор сомонӣ дода  мешавад.

Бояд гуфт, ки даври аввали озмун дар вилояти Суғд бо иштироки 118 ҳазору 146 нафар довталаб баргузор гардида буд.

АКС: Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд

Октябрь 30, 2021 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад