Маҷлиси намояндагон якчанд созишномаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод

Октябрь 27, 2021 15:02

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ки дар он якчанд созишнома ба тасвиб расид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба  АМИТ «Ховар».

Вакилон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистонро  оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ  қарор   доданд.

Зимни баррасии Созишномаи мазкур масъулини соҳа иброз намуданд, ки санади мазкур бо мақсади дастгирӣ, густариш ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ҳарду давлат, барои дарёфти роҳҳои алтернативии воридоти борҳои хатарнок ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди муттасили фаъолияти субъектҳои хоҷагидори ватанӣ ва муҳайё намудани шароити боз ҳам мусоид ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Вакилони мардумӣ дар иҷлосия ҳамчунин Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи пешниҳоди кумаки бебозгашт, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002, Мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002-ро ба тасвиб расониданд.

Дар иҷлосия ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хўроквории ғанигардонидашуда» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кўҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияро ба вакилони Маҷлиси намояндагон масъулини соҳа-Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳорзода, муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми  Раиси кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмамад Каримзода, Раиси кумитаи бехатарии озуқаворӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Файзуллозода, сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Исмоилҷони Комрон, Неъматулло Холбойзода, Толибхон Азимзода, Қосимӣ Файзулло, Зоир Раҳмонзода ва Мавзуна Шамсиддинзода муаррифӣ намуданд.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 27, 2021 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид