ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав то имрӯз бо зиёда аз 300 тонна ангишт таъмин шудаанд

Октябрь 11, 2021 15:09

ШАҲРИНАВ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ин рӯзҳо барои муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав як тонна ангишти кони «Фон Яғноб»-и ноҳияи Айнӣ ба маблағи 830 сомонӣ ворид гардида истодааст. 50 муассисаи таълимӣ  ва 8 муассисаи томактабии ин ноҳия бо ҶДММ «Ориён Эйр» барои сари вақт бо ангишти хушсифат таъмин гардидан шартнома баставу то имрӯз бо зиёда аз 300 тонна ангишт таъмин шудаанд, хабар дод мутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав Парвиз Абдуллоев ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар». 

Бояд гуфт, ки муассисаҳои таълимии  ноҳияи Шаҳринав бо мақсади иҷрои нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи омодасозии саривақтии бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ба фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» тайёрии ҳамаҷониба мебинанд.

Имрӯзҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия захираи ҳезуми хушк ва шишабандӣ бомаром идома дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ айни замон 779 адад печҳои аловӣ, 24 адад генератори барқӣ, 143 адад гармидиҳаки барқӣ ва 5 адад буғхона омодаи кор мебошанд.

Муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 ба 440,4 тонна ангишт, 393 куб ҳезум ва 1995 литр сӯзишвории дизелӣ эҳтиёҷ доранд, ки айни замон захиранамоӣ босуръат идома дорад.

Барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 465 005 сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 11, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад