ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон

Октябрь 15, 2021 08:00

15 октябри соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни бостонии Меҳргон, ки мероси гаронбаҳои маънавии ниёгонамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор аз ҷумлаи ойинҳои бисёр арзишманде мебошад, ки ба туфайли заминаву фазилатҳои муҳимми табиӣ, иҷтимоӣ ва маънавии худ то ба рӯзҳои мо расидааст.

Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд.

Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад.

Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯзҳо ба истиқболи ҷашни Меҳргон кишоварзони мо, аз ҷумла пахтакорон, боғу токпарварон ва чорводорон бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми бисёр арзишманд гузошта истодаанд.

Натиҷаи ҳамин заҳмати софдилонаи онҳост, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол зиёд шуда, садҳо ҳазор тонна меваю сабзавот ва меваи хушки аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда истодааст.

Зимнан бояд гуфт, ки Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти манбаъҳои таърихиву адабӣ бунёдгузории ин ҷашн ба шоҳи пешдодӣ – Фаридун нисбат дода мешавад.

Моҳияти асотирии Меҳргонро низ ғояҳои ахлоқии ҷашнҳои Наврӯзу Сада, яъне пирӯзии адолат бар ҷаҳолат, нур бар зулмот, ободгарӣ бар харобкорӣ ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳанд.

Ҷашни Меҳргон, алалхусус, бо шеъру мусиқии миллии тоҷикӣ робитаи зич дорад.

Меҳргон дар ашъори шоирони классики форсу тоҷик, махсусан, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Масъуди Саъди Салмон, Сайидои Насафӣ, Носири Хусрав ва дигарон ҳамчун рамзи баракату фаровонӣ, файзи дастархони мардум ва ҳунармандону чорводорон васф шуда, бузургии он ҳамчун айёми меҳрубониву меҳрварзии инсонҳо таъкид гардидааст:

Меҳрубонӣ кун ба ҷашни

Меҳргону рӯзи меҳр,

Меҳрубонӣ кун ба рӯзи

Меҳру ҷашни Меҳргон.

 

Минбаъд тайи асрҳои зиёд инъикоси ин ҷашн дар эҷодиёти шоирон камрангтар шуда, бо эҳёи ин ойини мардумӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ аз нав оғоз гардид.

Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад.

Бо густариш додани чунин ойину ҷашнҳои миллати бостониамон, аз ҷумла Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва дигар суннатҳои неки мардумамон мо бояд минбаъд низ тамоми саъю талоши худро ба хотири рушди давлат, ободии Ватан, дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани обрӯи миллат ва барои аз имрӯза беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқамон равона созем.

Бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори ҷашни пурфайзи Меҳргон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар дастархони пурнозу неъмати меҳргонӣ, рӯзгори осуда ва бахту саодат орзу менамоям.

Ҷашни Меҳргон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Октябрь 15, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд