Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди «Данғара-Оқмазор» оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар”, марҳилаи якум- “Данғара-Оқмазор” шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” се марҳиларо дар бар мегирад.
Марҳилаи якум 28,7 километр, марҳилаи дуюм 30,7 километр ва марҳилаи сеюм 9,7 километрро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи якум- “Данғара-Оқмазор” 28,7 километрро ташкил намуда, пас аз таъмиру навсозӣ иншоот ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Тибқи лоиҳа, паҳноии хати ҳаракат 3,5 метр ва паҳноии мумфарши роҳ аз 7 то 8,4 метрро дар бар мегирад.
Дар иншоот 5 пул бо дарозии 75 метр, 37 қубур, 23 истгоҳи замонавӣ, равшаннамоии маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди “Данғара-Левакант-Бохтар”, марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” солиëни зиëд таъмири асосиро надида буд ва зарурати сохтмон ва навсозӣ ба миëн омад.
Дар ояндаи наздик бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар”, марҳилаи якум- “Данғара-Оқмазор” тавассути ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуда, сокинон аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиëт баҳравар мегарданд.
Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ қабул шуда, дар доираи он роҳҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат марҳила ба марҳила ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада дар соҳаи роҳу нақлиëт назаррас буда, бе ягон мушкилот дар ҳама фасли сол рафтуомади сокинон ва интиқоли молу маҳсулот ба шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷи кишвар сурат мегирад.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар” марҳилаи якум “Данғара-Оқмазор” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёнро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, иншоотро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот бунёд ва ба истифода диҳанд, то солиëни зиëд ба сокинон хизмат расонад.









Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд






