Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол»-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ифтитоҳ намуданд

Октябрь 7, 2021 12:15

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳаи Баҳористони деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кӯдакистони мазкур аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ва фаъолони деҳаи Баҳористон бунёд шудааст.

Дар 4 гурӯҳ 160 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта мешаванд.

Мавриди истифода қарор гирифтани кӯдакистони мазкур имконият фароҳам овард, ки дар ин ҷо 25 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шаванд.

Бинои кӯдакистони “Шукуфаҳои Истиқлол” аз 2 ошёна иборат буда, дар майдони 0,70 гектар бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон муҳайё мебошад.

Корҳои сохтмониро пудратчиёни маҳаллӣ Ҳусейн Ғиёсиддинов ва Абдуманнон Абдусатторов аз моҳи июли соли 2019 оғоз намуда, бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Маблағи умумии лоиҳаи бино 1 миллиону 800 ҳазор сомониро дар бар гирифт.

Ҳуҷраҳои бино бо рахти хоб, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимию фароғатии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Бинои мазкур ба воситаи дастгоҳҳои махсус бо ангишт ва барқ бо гармӣ таъмин карда мешавад.

Дар ҳудуди бинои кӯдакистон ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили толори мусиқӣ, толори варзиш, ҳуҷраи тиббӣ ва 4 майдони фароғатӣ бунёд гардида, имконият фароҳам меоранд, ки кӯдакон бо шавқу ҳавас дар ин макони таълимӣ вақти худро сипарӣ намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии иншоот баҳои баланд дода, ба мураббияҳо ва роҳбарияти кӯдакистон дастур доданд, ки ба сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Барои ба воя расонидани кӯдакони зираку ҳушёр ва солиму соҳибмаълумот саҳми арзанда гузоранд, зеро кӯдакон ояндаи миллат мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки то ин дам дар деҳаи Баҳористон ягон кӯдакистон мавҷуд набуд ва сокинон фарзандони худро ба маркази ҷамоат ва кӯдакистонҳои дигар минтақаҳои ноҳия мебурданд.

Бунёди ин кӯдакистони замонавӣ кори волидонро низ осон намуд. Айни замон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 38 кӯдакистон фаъолият доранд, ки дар ҳамаи онҳо таълиму тарбия дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 07.10.2021

Октябрь 7, 2021 12:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд