Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти “Навобод”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои иловагии Муассисаи таълимии рақами 36 аз ҷониби соҳибкори ватандӯст, хатмкардаи таълимгоҳи мазкур Саидмуҳриддин Сайфов бунёд гардид.
Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, мактаби нав бо дарназардошти талаботи замон сохта шуда, дар ду баст барои 800 нафар хонанда пешбинӣ гардидаст.
Сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи октябри соли 2020 оғоз гардида, давоми як сол пурра ва бо сифати баланд сохта шуд.
Бинои нави мактаб асосан барои синфҳои ибтидоӣ ва умумӣ пешбинӣ гардида, дорои 16 синфхонаи барҳаво, кабинетҳои алоҳидаи технологияи иттиллоотӣ, математика, забони русӣ, англисӣ ва китобхона мебошад.
Ин иқдоми созандаро соҳибкори ватандӯст Сайидмуҳриддин Сайфов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ кардааст.
Барои амали нек — бунёди чунин мактаби зебову замонавӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокини ватандӯст баҳои баланд дода, кори пуршарафи ӯро шоистаи таҳсин хонданд.
Корҳои сохтмониро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо сатҳу сифати баланд ва бо тарҳи зебову муосир анҷом додаанд.
Бинои мактаб бо усули меъмории шарқӣ ва бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шуда, атрофи иншооти низ бо санъати хоси миллӣ оро ёфтааст.
Барои хонандагон синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ сохта шудааст.
Китобхонаи мактаб низ барҳаво сохта шуда, фонди умумии китобҳо 13 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 10 ҳазору 500 ададаш китобҳои дарсӣ буда, боқимонда асарҳоро адабиёти бадеӣ ташкил медиҳад.
Зимни суҳбат бо хонандагону омӯзгорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи омӯзгоронро ба сатҳу сифати таълим ва хонандагонро ба истифодаи шароити муосири илмомӯзӣ ҷалб карданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд






