Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори ҳафтум ба рӯйхати мусулмонони бонуфузтарини олам шомил шуданд

Октябрь 19, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун (ИМА) имрӯз,  19 октябр, рӯйхати  навбатии 12-умини худ- 500 мусулмони бонуфузтарини оламро (The Muslim 500) нашр намуд.

Ба ин рӯйхат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар шомил шуданд.

Инчунин ба рӯйхат Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ал-Танӣ, Шоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдул-Азиз, Роҳбари олии Эрон Оятулло Сайид Алӣ Хумайнӣ, президентони Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Озарбойҷон-Илҳом Алиев, Туркманистон-Гурбонгулӣ Бердимуҳамадов, Чеченистон-Рамзан Қодиров, сарвазири Покистон Имрон Хон, муфтии Узбекистон Усмон Алимов, ҳамлагари дастаи миллии Миср ва клуби Англия «Ливерпул» Муҳаммад Саллоҳ шомил шуданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯйхати The Muslim 500 шурӯъ аз соли 2009  ҳамасола нашр мешавад.  Ҳамасола ба рӯйхати мазкур чеҳраҳое шомил мешаванд, ки ба ҳама мусулмонҳои ҷаҳон таъсири сиёсӣ, идеологӣ, фарҳангӣ ва ё иҷтимоӣ доранд.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ ва манбаъҳои боз

Октябрь 19, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди терминали нави байналмилалӣ дар фурудгоҳи Душанбе санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбат намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз Фестивали таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва намоиши маҳсулоти саноатию кишоварзии давлатҳои ИДМ дар Туркманистон боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар варзишгоҳи шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд