Раҷаббой Аҳмадзода ва Андреас Протманн оид ба раванди татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протманн оид ба вазъи кунунии муносибатҳои дӯстона мубодилаи афкор намуда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода изҳор дошт, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст дар ҳоли рушд буда, вилояти Суғд омодаи таҳкими муносибатҳо бо шарикон аст.
Зикр гардид, ки дар доираи созишномаҳои дуҷониба дар вилояти Суғд бо дастгирии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ амалӣ шуда истодаанд ва ин раванд дар оянда низ идома меёбад.
Дипломати олмонӣ аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ карда, барои тавсеаи ҳамкорӣ андешаҳои худро баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки Сафири Олмон дар Тоҷикистон дар доираи сафари худ бо ҷараёни амалишавии лоиҳаҳои Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар корхонаҳои «Ҳабиб 17»-и шаҳри Конибодом, «Баракати Исфара» ва «Исфара фуд» шинос мегардад.
АКС аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






