Рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар бахши сайёҳӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валид бин Абдурраҳмон ар-Рушайдон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зикр шуд, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодири серобуранг ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷониби Арабистони Саудӣ ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор намуда, зикр кард, ки баргузор намудани чорабиниҳои сайёҳии варзишӣ барои рушди ҷаҳонгардӣ мусоидат менамояд.
Инчунин ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки барои рушди устувори ҳамкории минбаъда санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва ба имзо расонида шавад.
Акс аз Кумитаи рушди сайёҳӣ








«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд






