Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз бахшиданд

Октябрь 21, 2021 10:19

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Темурмалик дар маркази деҳоти Кангурт ҳамчунин ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо дарназардошти талаботи имрӯза бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Варзишгоҳ дар майдони қариб 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохтмони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд. Иншоот аз ду минбар — ғарбӣ ва шарқӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допингӣ, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд хоҳад шуд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот Пешвои муаззами миллат ба сохтмончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то ин ки варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.

Ҳангоми муаррифии майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Темурмалик бунёд мегардад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати умумии 40 садяк замин сохта шуда, баландиаш бо инобати сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам  14 ба 7 метр аст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Парчами давлатиро дар маркази деҳоти Кангурт нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонда, қомат афрохтани онро дар тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ муҳим маъдидод намуданд.

Оғози сохтмони варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик 21.10.2021

Октябрь 21, 2021 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон