Шералӣ Кабир сармоягузорони маҷориро даъват намуд, ки дар рушди саноати Тоҷикистон саҳм гузоранд

Октябрь 21, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 21.10.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  густариш ва тақвияти ҳамкории  иқтисодию тиҷоратӣ дар бахшҳои саноат  ҷиҳати  ҷалби сармояи хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак  ва ворид намудани технологияҳои нав Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Маҷористон таҳти роҳбарии Петер Сиййаро–Вазири робитаҳои иқтисодӣ ва корҳои хориҷии Маҷористон мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав.

Шералӣ Кабир аз ҳайати  намояндагони Ҷумҳурии Маҷористон  барои   ҷалби бештари соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Маҷористон  дар рушди саноати  кишвар  бо назардошти  мавҷуд  будани захираҳои зиёди ашёи хом дар Тоҷикистон,  бахусус захираҳои   маъданҳои кӯҳӣ, ҳазорон  намуд растании шифобахш ва истифодаи самараноки онҳо бо мақсади таъсиси истеҳсолоти фармасевтикӣ, ҳамзамон ташкили кластерҳои соҳаи нассоҷӣ ва  бакорандозии  пурраи  иқтидорҳои  мавҷудаи истеҳсолӣ   даъват ба амал овард.

Вазири робитаҳои  иқтисодӣ ва    корҳои хориҷии Маҷористон Петер Сиййаро  доир ба нақшаҳо барои ба роҳ  мондани ҳамкории дуҷониба  дар   бахши  саноату тиҷорат  бо Тоҷикистон сухан гуфта, бо қаноатмандӣ таклифу пешниҳодҳои  Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро  ҷонибдорӣ намуд.

Петер Сиййаро ҳамзамон пешниҳод намуд, ки бо назардошти саноати пешрафта дар Маҷористон мумкин аст   ҳамкории судманд  ҷиҳати хариди ашёи хом аз Тоҷикистон барои  истеҳсоли  аккумуляторҳои барқӣ  амалӣ карда шавад.

    АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ

Октябрь 21, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад