«Созандагони Ватан» дар самти таҳкими дўстию рафоқат миёни ҷавонон корҳои назаррас ба анҷом расонидааст

Октябрь 20, 2021 15:44

ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода ва роҳбари қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва Саидбек Мирзомиддинов аз қароргоҳи марказии ташкилоти ҷамъияти ҷавонон «Гвардияи ҷавон» («Молодая Гвардия») дидан намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан».

Аснои боздид раиси Шӯрои ҳамоҳангсози «Гвардияи ҷавон» Денис Давидов ба раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода роҷеъ ба лоиҳаҳо ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ташкилот маълумоти муфассал дод.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самтҳои кунунии ҳамкории байниҳизбиро муаррифӣ намуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рўзҳои аввали таъсис ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосии барномаҳои ҳизбро сиёсати бунёдкоронаи он- масъалаи кор бо ҷавонон ташкил медиҳад. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи бандҳои барномавии ҳизбӣ, ҳанӯз 20 апрели соли 2011 бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва масъулияти онҳо барои устувор гардонидани мавқеъ ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» доир гардид, ки зимни баргузории он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсиси ниҳоди алоҳидаи кор бо ҷавонон дар назди ҳизб бо номи «Созандагони Ватан» дастур доданд.

— Соли ҷорӣ мо 10-солагии ташкилотро таҷлил менамоем, — гуфт О.Аҳмадзода. — Муддати фаъолияти начандон тўлонии худ созмони ҷавонони ҳизб «Созандагони Ватан» тавонист дар самти тарбияи ватандўстии ҷавонон, таҳкими дўстию рафоқат миёни онҳо, тарғиби худшиносии миллӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз дастовардҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, зина ба зина расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар корҳои назаррасе ба анҷом расонад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳоло фурсате фаро расидааст, ки сиёсат дар самти кор бо ҷавонон ба тарзу услубҳои наву муосир таҳия шавад, роҳҳои самарабахши татбиқи он дар ҳамкорӣ бо дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат дар доираи манфиатҳои миллӣ амалӣ гашта, дар ин замина, механизмҳои татбиқи сиёсати ҷавонон вобаста ба талаботи замон такмил дода шавад.

Иштирокчиён стратегияҳои ҳамкории байналмилалӣ, механизми таҷрибаомӯзии кадрҳои ҷавони ҳизбӣ, инчунин таҳияи нақшаи амалҳоро барои солҳои 2022-2024 баррасӣ намуданд.

АКС аз сомонаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Октябрь 20, 2021 15:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд