Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонии ДМТ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Студияи таълимии телевизион ва радиошунавонии (СТТР) факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДМТ.
Минбаъд донишҷӯёну устодони факултет машғулияти амалиро дар паси дастгоҳҳои навтарини сабту наворбардорӣ, таҳияву пахши гуфтору барномаҳо баргузор менамоянд, ки ба шиносоӣ бо касб ва сатҳи баланди касбияти рӯзноманигорони оянда мусоидат хоҳад кард.
Фароҳамсозии чунин имконият ба шарофати ҳамёрӣ ва дастгирии Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Вусъатбахшии иқтидори ВАО ва баланд бурдани стандартҳои журналистӣ» даст дод. Ин Лоиҳаи байналмилалӣ, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, расонидани кумакҳои техникӣ ва омӯзишии таҳсилоти олии касбӣ тибқи Созишномаи Балон дар бораи таъмини фазои ягонаи умумиаврупоии таҳсилоти касбиро фаро мегирад.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ Насимҷон Абдулмуминзода дар расми қабули таҷҳизот бо сипос аз ҳамёрию ҳамкории созмонҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки чунин ҳамкорӣ баҳри дар миқёси байналмилалӣ бештар муаррифӣ гардидани таҳсилоти олии Тоҷикистон хизмат менамояд.
Тавре мушовири миллии Лоиҳа, муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистика Қироншоҳ Шарифзода изҳор дошт, дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҷониби мутахассисони соҳа таҷдиду такмили барномаҳои омӯзишӣ ва нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии журналистӣ ва силсилаи китобу дастурҳои таълимӣ низ дар назар аст.
Тоҷикистон ба ҳайати иштирокдорони Созишномаи Балон соли 2004 пазируфта шуда, аз соли 2010 узви комилҳуқуқи раванди Балон мебошад. Ҷорӣ шудани низоми кредитӣ ва таҳсилоти сезинаии таҳсилоти олӣ аз навовариҳои раванди мазкур буда, муассисоти таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шурӯъ аз соли 2004 мунтазам ба ин низом ворид гардидаанд.
Дар назар аст, ки чунин кумаки техникӣ ба дигар факултетҳои журналистикаи мактабҳои олӣ расонида шавад.
АКС аз ДМТ








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд
Сокини ноҳияи Ҷайҳун: «Усули кишти зери плёнка дар баробари сифати маҳсулот ҳосилнокиро низ зиёд мекунад»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






