ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 октябр, чоршанбе, 279-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 6, 2021 08:00

6 октябри соли 2015 дар шаҳри Сочӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин масоили ҳамкории дуҷонибаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.

***

19 сол қабл, 6 октябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе Форуми байналхалқии Фонди ҳифзи Арал доир гардида, дар хотимаи он Эъломия қабул шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баррасӣ гардиданд.

6 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист.

***

Дар Туркманистон рӯзи гиромидошт.

***

Дар Миср рӯзи артиш.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии ханда (лабханд).

РӮЙДОДҲО:

 6 октябри соли 2016 дар Маркази таърихӣ — фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» Фестивали «Оши палов» доир гардид.

***

89 сол муқаддам, 6 октябри соли 1932 фабрикаи шоҳибофии Душанбе, ҳоло комбинати шоҳибофӣ ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар Беларус Ҳафтаи адабиёти тоҷик кушода шуд.

***

6 октябри соли 1920 Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1948 дар Ашқобод заминҷунбӣ бо шиддати 9 балл рух дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Отаи Қирғизистон ҷаласаи аввалини якҷояи вазирони корҳои дохилии давлатҳои Осиёи Миёна баргузор гардид.

***

Соли 1866 дар таърихи ИМА бори аввал дар қатора дуздӣ сурат гирифт, ки дар он бародарон Рено беш аз 10 ҳазор долларро рабуданд.

Октябрь 6, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, шанбе, 354-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, ҷумъа, 353-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, панҷшанбе, 352-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, чоршанбе, 351-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, сешанбе, 350-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, душанбе, 349-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, якшанбе, 348-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, шанбе, 347-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 декабр, ҷумъа, 346-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, панҷшанбе, 345-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 декабр, чоршанбе, 344-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 декабр, сешанбе, 343-юмин рӯзи соли 2025 аст