Татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт

Октябрь 19, 2021 08:31

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 18 октябр муовини якуми Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ оид ба  дастгирии татбиқи «Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» мулоқот намуд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ба АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи лоиҳаи мазкур, ки ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар Тоҷикистон равона гардидааст, мубодилаи афкор намуданд.

«Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон» (TEC-19)-и назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар доираи Созишномаи маблағгузорӣ миёни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ (гранти №D604-TJ) ба тасвиб расида, то имрӯз дар доираи он дар самти пешгирии бемории COVID-19 дар мамлакат якчанд тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда шудаанд.

 

АКС аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Октябрь 19, 2021 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид