Тоҷикистон ва САҲА масъалаҳои ҳамкориро дар ченаки низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода мудири Маркази пешгирии низоъҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Туула Юрёларо ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби се ченаки САҲА – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мусоҳибон инчунин аҳамияти тадбирҳои муштаракро алайҳи чолишҳои муосир, аз қабили таъсири ҳамагирии COVID-19 ба иқтисодиёт ва тағйирёбии иқлим таъкид намуданд. Ҷонибҳо ҷаласаҳои Платформаи шарикӣ миёни Тоҷикистон ва САҲА-ро ҳамчун абзори муҳим барои пешбурди муколамаи созанда шуморида, ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо ҳавасмандӣ изҳор карданд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






