Туҳфаи арзишманди Пешвои миллат — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Ёвон расид

Октябрь 12, 2021 11:20

ЁВОН, 12.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 34 ҳазор нусха асари  бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон  Ғафуров «Тоҷикон», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ  аз нав дар як ҷилд интишор ёфтааст, ба ноҳияи Ёвон оварда шуд, хабар дод мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ёвон Рустам Шарифзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Ёдовар мешавем, ки китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, ки туҳфаи ҷашнии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бо мақсади шиносоии бештар бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва баланд бардоштани  ҳисси худшиносии миллӣ ба ҳар хонаводаи ноҳияи Ёвон туҳфа мегардад.

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон Файзиддини Муҳаммадӣ иброз дошт, ки “китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархурдор аст. Ин шоҳасар  насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш  аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ  гарданд ва ба Ватани хеш содиқона хизмат намоянд”.

Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат моҳи декабри соли 2019 дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп намуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Пешвои  миллат ба ҳар оилаи мамлакат туҳфа намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Октябрь 12, 2021 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад