Аҳамияти пахтапарварӣ ва вазъи имрӯзаи корхонаҳои коркарди пахта дар Тоҷикистон. Шарҳи коршиносон

Ноябрь 4, 2021 13:35

 ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзию саноат ба ҳисоб рафта, ҳамасола ба кишту парвариш ва коркарди он таваҷҷуҳи махсус равона карда мешавад. То оғози моҳи ноябри соли равон дар мамлакат 358 ҳазору 847 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуда шудааст, ки 85,5 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад ва ин рақам нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 20 871 тонна зиёд мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

То имрӯз дар ҷумҳурӣ дар майдони 179 ҳазор гектар кишти пахта ба роҳ монда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 6,2 ҳазор гектар ва нисбат ба дурнамои он 13,9 ҳазор гектар кам аст. Масъулон мегӯянд, ки ҷиҳати пешгирии болоравии маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо кишти бархе аз маҳсулот, аз ҷумла пахта кам ва зироати ғалладонагию картошка зиёд карда шудааст.

Аҳамияти пахтапарварӣ

Тавре маълум аст, пахтаро бештар барои нахаш парвариш менамоянд, ҳамзамон дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Яъне пахта маҳсулоте мебошад, ки аз парвариш то коркард бидуни партов мебошад. Тибқи арзёбиҳо, тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад.

Пахта маҳсулотест, ки назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар оварад.

Ба гуфтаи устоди   Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Зикриёхон Ҳайдаров, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан ду намуди он — пахтаи муқаррарӣ ва мисрӣ кишт карда мешавад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш меёбад, аз 34 то 40 фоиз баромади нах дорад.

Ба андешаи коршиносон, дар сурати дуруст коркард кардану ба фурӯш баровардани пахта аҳамияти он зиёдтар мешавад. Аммо мутаассифона, имрӯзҳо деҳқонон ба парвариши ин навъи зироат чандон ҳавасманд нестанд. Болоравии арзиши сӯзишворӣ, заҳрхимикатҳо, ҳаққи кирояи техникаҳои кишоварзӣ ва дастрасӣ ба об аз мушкилиҳое мебошанд, ки фаъолияти хоҷагидоронро душвор кардаанд.

Омили баланд бардоштани истеҳсоли пахта

Дар баробари беҳтар намудани истеҳсолу техникаи парвариши пахта ва ҳосили дилхоҳ гирифтан, масъалаи коркарди ашёи ниҳои пахта дар дохили мамлакат яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун бароварда нашавад. Бо  вуҷуди тадбирҳои  андешида дар  ин самт ҳанӯз ҳам  коркарди ҳиссаи бештари нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ то ба ҳол дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди нахи пахтаи истеҳсолшаванда аз кишвар дар шакли ашёи хом берун бурда мешавад, ки ин ба нафъи иқтисодиёти мо нест.

Ба иттилои корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Муҳаммад Ҷалолзода, давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷумҳурӣ 56,2 ҳазор тонна нахи пахта бо арзиши 98 млн доллар содир гардидааст, ки дар сохтори маҳсулоти содиротии кишвар мавқеи муҳим касб мекунад ва назар ба ҳамин давраи соли 2020 3,7 ҳазор тонна ё 27,8 млн доллар зиёд мебошад.

Оё корхонаҳои коркарди пахта ба фаъолияти пурра омодаанд?

Сармутахассиси  Раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Маҳмадҷонов дар суҳбат бо мо зикр намуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 116 корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори беш аз 1 млн тонна коркарди нахи пахта дар як сол фаъолият мебаранд.  Аммо на ҳамаи корхонаҳои мазкур фаъолияти самарнок доранд. Ба ҳисоби миёна дар як сол дар ҷумҳурӣ то 110 ҳазор тонна нахи пахта истеҳсол мешавад. Ин дар ҳолест, ки солона дар кишвар то 420 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 15 корхонаи ресандагӣ фаъолият мекунанд, ки қобилияти коркарди то 60 ҳазор тонна нахи пахтаро доранд, гуфт мавсуф.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, имрӯз ҳамагӣ 22 ё 23 фоизи нахи пахтаи истеҳсолшуда то ресмон коркард мешавад. Аз ин шумора то 14 фоизаш чун маҳсулоти тайёр истифода мешавад.

Толибҷон Маҳмадҷонов зикр намуд, ки соли 2020 дар мамлакат аз 22 ҳазор тонна пахта ҳамагӣ 3,5 ё 4 ҳазор тонна риштаи пахтагини истеҳсолшударо то маҳсулоти тайёр бурда расонидем.

«Дар як сол аз нахи пахтаи истеҳсолшуда дар мамлакат  тахминан 24 ё 25 фоиз ресмон истеҳсол мешавад. Аз ин шумора 14 фоиз маҳсулоти тайёр истеҳсол менамоем. Агар ин маълумотро мо бо дигар кишварҳо муқоиса кунем, хеле кам аст»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Таҳлилҳои амиқи вазъи соҳаи саноат дар солҳои соҳибистиқлолӣ  нишон медиҳанд, ки бо дар амал тадбиқ намудани ислоҳоти соҳа, барномаҳои давлатию сармоягузорӣ дар рушду пешрафти саноат, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти  ватании ивазкунандаи воридот ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ соҳаи саноат ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст, аммо масъалаи коркарди маҳсулоти нимтайёр ва ниҳоӣ аз пахта, ки ҳудуди 30 фоизро дар бар мегираду  70 фоизи он чун ашёи хом содирот мешавад, рушди соҳаро камарзиш намоён мекунад.

Агар ашёи хоми пахта дар мамлакат пурра коркард шавад, чӣ манфиат дорад?

Коришиносон мегӯянд, ки агар дар дохили мамлакат нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ коркард ва ба фурӯш бароварда шавад, арзиши он назар ба ашёи хом то 80 маротиба афзоиш меёбад.

Зикриёхон Ҳайдаров ба он назар аст, ки ҳангоми коркард кардани нахи пахтаи хом  дараҷаи даромаднокии он нисбат ба парвариши зироати ғалла 8 маротиба бештар мешавад. Ҳангоми коркарди пурраи ин ашёи саноатӣ аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ 25 маротиба зиёдтар мегардад.

Ба ҳолати 3 ноябри соли 2021 нархи як килограмм пахта дар биржаи Лондон 2,62 доллар ё қариб 28 сомонӣ мебошад. Вале нархи як метри мураббаъ матои аз пахта омодашуда қариб 65 -70 сомонӣ арзиш дорад. Тавре масъулини соҳа мегӯянд, аз як килограмм пахта 5,4 метр матоъ истеҳсол мегардад.

Хулоса, агар корхонаҳои мо аз парвариш то истеҳсоли ниҳоии маҳсулоти пахтагинро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ намонанд, ҳавасмандӣ ба ин соҳа зиёд намешавад. Танҳо дар сурати истеҳсоли ниҳоии маҳсулот мо метавонем ҳам бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти худӣ таъмин намоем, ҳам содиротро бештар созему садҳо ҷойи корӣ муҳайё намуда, дар ғанӣ гардонидани буҷети мамлакат  ҳисса гузорем.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз муаллифон ва манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2021 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид