Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

Ноябрь 30, 2021 14:30

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом медиҳад.

Тавре корманди хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд Андар Раҳмонӣ ба  АМИТ «Ховар» хабар дод, ҳайати меҳмонон бо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот намуда, бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имконоту зарфияти он шинос хоҳанд шуд.

Дар доираи сафар вохӯрии дуҷонибаи доираҳои соҳибкории вилоятҳо низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳайати вилояти Могилёв ҳамзамон бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуда, перомуни густариши робитаҳо мубодилаи афкор менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аввали моҳи ноябр дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ ба Ҷумҳурии Беларус, аз ҷумла вилояти Могилёв сафар карда буд. Зимни сафар ҷонибҳо хостори ба сатҳи нав бароварда шудани робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят шуда, омодагии худро барои ҷалби сармояи муштарак ва ташкили корхонаҳои нав баён дошта буданд.

АКС аз бойгонии Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Ноябрь 30, 2021 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд