Ҳайати сармоягузорони кореягӣ бо фазои сармоягузории Тоҷикистон шинос мегарданд

Ноябрь 21, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 21.11.2021/АМИТ «Ховар»/. 25 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷуҳурии Корея баргузор мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳадафи форум шиносоии сармоягузорони кореягӣ бо фазои сармоягузорӣ ва имконияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин роҳандозии робитаҳо миёни доираҳои тиҷоратии ду кишвар мебошад.

Дар форум намояндагони соҳаҳои саноат, технологияи иттилотӣ-коммуникатсионӣ, сайёҳӣ, тиб ва хизматрасонии Ҷумҳурии Корея иштирок менамоянд.

Интизор меравад, ки Форум ба платформаи баррасии самтҳои афзалиятнок ва воситаҳои рушди Тоҷикистон ва Корея табдил ёбад.

 Акс аз манбаъҳои боз

Ноябрь 21, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад