Ҷамолиддин Абдуллозода дар конференсия ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ дар Туркия сухан гуфт

Ноябрь 20, 2021 09:12

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 19 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия конференсия ва намоишгоҳ оид ба фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ баргузор гардид, ки  дар кори он  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва як гурӯҳ кормандони вазорат иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар конференсия    Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  сухан гуфта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия барои даъват ба чунин ҳамоиши бошукӯҳ изҳори миннатдорӣ   кард. Аз ҷумла, иброз дошт, ки яке аз равандҳои афзалиятноки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати ҷиддӣ медиҳад, ин таъмини дастрасии хизматрасониҳои баландихтисоси тиббӣ тавассути рушди соҳаи тандурустии рақамӣ ва рушди системаи миллии иттилоотии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ мебошад.

Зикр гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2 таъсис дода шудааст, ки он аз 1 январи соли 2015 фаъолият дорад.

Системаи ягонаи иттилоотии идоракунии тандурустии DHIS2  имкон медиҳад, ки маълумоти оморӣ оид ба вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ пайгирӣ карда шавад.

Дар доираи татбиқи Консепсияи ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи иттилоотӣ оид ба таъйин ва пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат ва шаҳрвандон тавассути барномаи электронии кумаки суроғавии иҷтимоӣ фаъолона амалӣ карда мешавад.

Бо мақсади таҳкими хизматрасониҳои электронӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти маҳаллӣ дар самти расонидани кумаки иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.

Гуфта шуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имконияти омӯзиши таҷрибаи Туркия дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, бахусус беморхонаҳои рақамӣ  ҳавасманд мебошад.

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари кории хеш бо Вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фахриддин Коҷа мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро баҳри тақвият бахшидани онҳо иброз намуданд.

Дар маҷмӯъ, иштироки  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазир Ҷамолиддин Абдуллозода  дар чунин  намоишгоҳ ва  фанноварии иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ  баҳри густариши ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ мусоидат хоҳад кард.

АКСҲО: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 20, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд