Ба сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобочон Ғафуров тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 09.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба ноҳияи Синои шаҳри Душанбе зиёда аз 95 ҳазор нусха асари бунёдии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» дастрас карда шуд. Дар ноҳия аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони маорифи ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аъзои гурӯҳи мазкур ин туҳфаро ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат тақдим гардида истодааст.
Дар маросими тақдими туҳфаҳои арзишманди Пешвои миллат муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки мақсади асосии чунин иқдом — шиносоӣ бо гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад.
Зикр гардид, ки мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров — китоби «Тоҷикон» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муҳим мебошад.
Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш барои ҳар фарди Тоҷикистон сарчашмаи муҳими худомӯзӣ мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил диҳад.
Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ гарданд.
АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе










СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Истаравшан таъмир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ китоби «Хуттали Қадим» аз чоп баромад
«Истиқлоли давлатӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва оинҳои миллӣ». Таҳти ин унвон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Кормандони Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Сино корҳои ободониро бахшида ба 35- солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат додаанд
Бахшида ба фаъолияти соҳаи метрологияи тоҷик Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Сокинони деҳаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мешаванд
Рустами Эмомалӣ бинои нави Институти иқтисодиёт ва демографияро мавриди истифода қарор доданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонии маҷмааи IT-Hub Dushanbe санги асос гузоштанд
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Хумгарони Панҷакент чор синфхонаи иловагӣ сохта мешавад






