БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҷамъомад доир шуд
ДУШАНБЕ, 4.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия — бахтномаи миллат»-таҳти чунин унвон имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр кард, ки мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 27 сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии худро таҳким бахшид. «Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳимтар касб менамояд. Конститутсияи давлати соҳибихтиёрамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои муҳими ҳаётӣ, изҳори ирода ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидааст», гуфт Ҷумахон Файзализода.
Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади танзимкунанда ва муқарраркунандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Бо шарофати арзишҳои конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон эътироф менамоянд.
Дар ҳамоиш ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки «дар айёми таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия ҷонибдороне низ буданд, ки мехостанд Конститутсияи нав на бо роҳи раъйпурсӣ, балки аз ҷониби Шӯрои Олӣ қабул карда шавад. Вале Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори он буданд, ки қабули Конститутсияи Тоҷикистон танҳо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирад ва мардуми кишвар мустақилона ояндаи давлату ҷомеаро интихоб намояд. Маҳз ҳамин истодагарии Сарвари давлат буд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсӣ қабул шуда, зиёда аз 86 % овоз гирифт ва он барои миллату давлати мо ҳамчун заминаи қонунгузорӣ ва сарчашмаи ҳуқуқӣ то имрӯз хизмат карда истодааст».
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода изҳор дошт, ки бо қабули Конститутсия тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ 394 санади қонунгузорӣ, 17 қонуни конститутсионӣ, 24 кодекс, 22 қонуни авф, 23 қонуни буҷет, 310 қонуни ҷорӣ, зиёда аз 15 ҳазор санади меъёрии зерқонунӣ ва 350 санади меъёри ҳуқуқии байналмилалиро эҷод намудаанд, ки раванди муносибатҳои дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд.
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






