Дар Бохтар дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодиёти кишвар» конференсияи миллии сайёҳӣ доир шуд

Ноябрь 1, 2021 11:44

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Сайёҳии дохилӣ-омили рушди иқтисодиёти кишвар» конференсияи миллии сайёҳӣ баргузор гардид.

Дар кори ҳамоиш  муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе,  роҳбарони суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат намуданд.

Дар ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар вилояти  Хатлон, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ,  имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёгонро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш дили сайёҳонро тасхир намудааст.

Қариб дар ҳамаи ноҳияҳо  сайри табиат ва зиёрати мавзеъҳои таърихии динӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Алалхусус, мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мавзеи мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, мавзеи шаршараи Сарихосор дар ноҳияи Балҷувон, мавзеи Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи теъдоди зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб карда истодаанд.

Ҳоло дар қаламрави вилоят 795 ёдгории таърихӣ – фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 36 осорхона, 37 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 33 боғи фарҳангӣ- фароғатӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҳамасола ба онҳо сайёҳони зиёд барои боздид мераванд.

Ҳамоиши мазкур дар заминаи пресс — тур оид ба  имконияти қабулу хизматрасониҳои  сайёҳӣ дар хатсайри сайёҳии Душанбе-Бохтар-Душанбе барои намояндагони ВАО  ва доираҳои сайёҳӣ, ки бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ   дар доираи тадбири Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид. Иштирокчиёни пресс-тур аз осорхонаи марказӣ, корхонаҳои истеҳсолию саноатӣ, ҳавзҳои моҳипарварӣ бо мақсади рушди агротуризм, муассисаҳои таълимӣ, ки ба омода намудани мутахассисони соҳа машғуланд ва мавзеи таърихии Аҷинатеппа дидан карданд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Тоҷиддин Ҷӯразода  бо иштирокчиёни сафар суҳбат намуда, тадбири мазкурро дар заминаи татбиқи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии зарфияти хоси сайёҳии кишвар арзёбӣ намуд.

Ёдовар мешавем, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ ва ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барномаҳо таҳия намуда, тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

АКСҲО: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Ноябрь 1, 2021 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд