Дар Душанбе масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла ташвиқи сармоягузорӣ, бонкдорӣ ва дигар мавзӯъҳои қобили таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамсуҳбатон ҳавасмандии худро барои ҳамкорӣ баҳри тавсеаи баъдии муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар иброз карданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






