Дар Душанбе оид ба тарғиби ғановати маънавӣ ва таҳаммулпазириву инсондӯстӣ ҳамоиши маърифатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 26 ноябр дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиши тарғиботӣ-маърифатӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ДДФСТ.
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» Маъруф Оқилов ва доираи васеи устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оид ба мавзӯъҳои ташаккули малакаи тарзи ҳаёти солим, ғановати маънавӣ, таҳаммулпазириву инсондӯстӣ, ҳифзи солимии моддиву маънавии оила, фард ва ҷомеа аз хатару таҳдидҳои номатлуби иҷтимоӣ, бемориҳои сироятӣ, терроризму ифротгароӣ, исрофкорӣ ва фасоди ахлоқӣ, таҳкими андешаи солим, масъулият ва рисолати инсонӣ дар иртибот ба рушди маънавии ҷомеа ибрози андеша намуд.
Мавсуф гуфт, ки рӯ овардан ба сиёсати ҷавонон тақозои таърих ва назари хирадмандонаю ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
«Ҷавонони мо бояд ҳисси баланди миллию фарҳангӣ дошта, пояҳои давлатдории миллиро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ дошта, роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор диҳанд. Пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намуда, барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, якпорчагии марзу буми он ҳамеша омода бошанд»,-гуфт муовини Раиси шаҳр.
Зикр шуд, ки ҷавонони сарбаланду ватандӯсти пойтахт ва ҳар фарди бонангу номус минбаъд низ анъанаҳои неки бунёдкориву созандагии Ватани муқаддасамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ таҳти ливои зафарпешаи Тоҷикистон барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ободонии пойтахти он саҳми босазо мегузоранд.
Директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» Маъруф Оқилов нақши шабакаҳои телевизиониро дар тарғиби сиёсати фарҳангпарварона ва одилонаи Пешвои миллат муассир номида, аз марҳилаҳои рушди онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар ёдовар шуд. Ӯ иброз дошт, ки худ хатмкардаи донишкадаи мазкур буда, муассиса дар таъмин намудани шабакаҳои телевизионии кишвар ба мутахассисони соҳа ҳамасола нақши босазо мегузорад.
Ба иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шаҳзод Раҳимзода, тамоми нобасомониҳои фардиву иҷтимоӣ, аз қабили пошхӯрии оилаҳо, нобаробариҳои иҷтимоӣ, беадолатию ноамнӣ, ҳасадхўрӣ, бемориҳои сироятӣ, каҷравиҳои ахлоқӣ аз ҷумлаи осебҳои хурду бузурги иҷтимоӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мебошанд, ки сабаби асосии пайдоиши онҳо исрофкорӣ, ғофил мондан аз арзишҳои маънавӣ ва риоя накардани усулҳои ахлоқӣ мебошад.
Пас аз суханрониҳои гурӯҳи таблиғотӣ миёни онҳо ва устодону донишҷӯёни донишкада муколамаи озоду самимона сурат гирифт.
АКСҲО: ДДФСТ








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






