Дар шаҳри Кӯлоб 5 коргоҳи нав ба фаъолият шурӯъ намуданд

Ноябрь 27, 2021 11:12

 КӮЛОБ, 27.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 тибқи нақшаи амал  бо назардошти лоиҳаҳои  барномаи рушди  иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб  барои солҳои 2021-2025  дар шаҳру деҳот  бунёди  9 корхона  ва коргоҳҳои саноатӣ пешбинӣ шудааст. То ин муддат 5 коргоҳи  нав, аз ҷумла  коргоҳи истеҳсоли  дару тирезаҳои пластикӣ, макаронбарорӣ дар ҶСК «Суғдиён» (корхонаи истеҳсоли орд),  обҳои ташнагишикан  дар ҶСП «Корхонаи шири  шаҳри Кӯлоб», дӯзандагӣ ва коркарди  сангу шағал  ба истифода дода шуда, дар ин замина  56 ҷойи нави кор  таъсис ёфтааст, хабар дод мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи шаҳри Кӯлоб Абдуразоқ Хуҷамқулов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».

Мавриди зикр аст, ки    аз ҷониби роҳбарияти ҶДММ «Ваҳдат текстайл» филиали корхонаи мазкур  дар шаҳри Кӯлоб  бо иштироки Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 октябри соли равон  ба истифода дода шуд. Тибқи маълумот,  иқтидори солонаи  филиали ҶДММ «Ваҳдат  текстайл»  дар шаҳри Кӯлоб  дар як сол зиёда  аз 34 миллион ҷуфт ҷӯроб буда,  шумораи коргарон 300 нафарро ташкил медиҳад ва он марҳила ба марҳила зиёд карда мешавад.

Дар натиҷаи  чораҳои амалигардида, дар 9 моҳи соли  2021  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот  ба 201,1 миллион  сомонӣ  баробар шуд, ки  нисбат ба соли гузашта 34,6 миллион  сомонӣ зиёд буда, рушди соҳа 120,8%-ро ташкил  дод.  Дар 9 моҳи соли равон  аз 47 корхонаи саноатӣ 28 корхона  ҳаҷми маҳсулотро зиёд намуданд.  Дар ин давра  ҳаҷми  истеҳсоли орд 103,7 %, нон ва маҳсулоти нонӣ 106,5%,  макарон 2,5 баробар,  регу сангмайда 110,7%, хишти сементӣ 103,1%, ресмони пахтагин 136,9 % ва бетони сохтмонӣ 130,6%  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд гардид.

Вобаста ба дӯхти либосҳои мактабӣ ҶДММ «Сино-2013» бо муассисаҳои таълимӣ барои дӯхти либосҳо шартнома баста, 74,6 ҳазор дона либос омода намуд. Гуфта шуд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот ва ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда бо роҳбарон ва соҳибмулкони корхонаҳо вохӯриҳо анҷом дода шуданд.  Онҳо вазифадор карда шудаанд, ки  аз захираю имконият  истифода намуда, корхонаҳоро ба кор дороварда, ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулотро  зиёд намоянд.

 

 АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 27, 2021 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад