Дар шаҳри Турсунзода ду сардхонаи замонавӣ бо ғунҷоиши 1400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода шуданд
ТУРСУНЗОДА, 18.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Янгибоғ» сардхонаи нав бо ғунҷоиши 1000 тонна ва дар Хоҷагии деҳқонии «Исҳоқбобо-2008» сардхонаи замонавӣ барои нигоҳдории 400 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, иттилоъ дод котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фируз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Сардхонаҳои замонавӣ бо мақсади иҷрои супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба шаҳри Турсунзода доир ба зиёд намудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангур дода буданд, бунёд гардиданд.
Дар тантанаи ифтитоҳи иншооти мазкур раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки «сол то сол майдони токзор афзуда, нигоҳдории маҳсулот барои таъмини бозорҳои ватанию хориҷӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Айни замон дар шаҳри Турсунзода барои нигоҳдории 12000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ сардхонаҳо мавҷуд буда, инчунин сохтмони сардхонаҳо барои беш аз 4000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад».
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хушсифати ватанӣ дар давраи зимистон дар сардхонаҳои шаҳри Турсунзода ангур, лимӯ ва хурмо нигоҳдорӣ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






