Дар Узбекистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи иқтисоди ҷаҳон ва дипломатияи Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дӯстиро завол нест: Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Президент Шавкат Мирзиёев — меъморони кохи муҳташами дӯстӣ” мулоқот доир шуд, ки дар он Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода маърӯза намуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба маркази матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш устодону донишҷӯёни ин донишгоҳ ва донишҷӯёни филиали дар Тошкандбудаи Институти муносибатҳои байналмилалии шаҳри Москва (МГИМО) иштирок намуданд.
Дар ҷаласа муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Узбекистон, ҳамзамон Ректори Донишгоҳи иқтисоди чаҳон ва дипломатияи Ҷумҳурии Узбекистон Содиқ Сафоев сухан гуфт.
Зикр гардид, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев имрӯз миёни ду кишвар муносибатҳои гуногунҷабҳа дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудаанд. Содиқ Сафоев иброз дошт, ки маҳз муносибати дӯстонаи Сарварони ду давлат буд, ки дар муддати кӯтоҳ тамоми мушкилот ва масъалаҳои мавҷуда ҳал гардида, ба мардумони ҳарду кишвар шодию нишот оварда шуд.
Ҳамоиш дар шакли пурсишу посух доир гардида, донишҷӯён оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳарду ҷумҳурии дӯст ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ доир гардид.
Ёдовар мешавем, ки аз 10 ноябр инҷониб Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон қарор дорад.
АКСҲО: маркази матбуоти ФИКМТ










ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






