Дар ВКХ Тоҷикистон бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мулоқот доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея дар Душанбе мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо раванди омодагӣ ба нахустин нишасти Анҷумани соҳибкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Кореяро, ки 29 ноябри соли 2021 дар Душанбе дар ҳошияи 14-умин Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баргузор мегардад, баррасӣ карданд. Анҷумани мазкур бо иштироки роҳбарони палатаҳои савдо ва саноат, ниҳодҳои дахлдори давлатӣ ва доираҳои тоҷирону ширкатҳо баргузор мегардад.
Аҳамияти саҳми абзори мазкур дар густариши соҳаҳои ояндадори иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои созанда миёни намояндагони бахши хусусӣ ва татбиқи лоиҳаҳои авлавиятноки фароминтақавӣ байни кишварҳои иштирокдор таъкид гардид.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






