Доир ба ҷамъбасти лоиҳаи грантӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 18.11.2021 /АМИТ “Ховар”/. 17 ноябр дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи Лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” ҳамоиш доир шуд, ки дар он мушовирони байналмилалӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии шарики лоиҳа тариқи онлайн, мушовирони миллии лоиҳа ва устодону кормандони донишкада иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз донишкадаи мазкур ба АМИТ “Ховар”.
Муовини ректори донишкада оид ба таълим Фарҳод Махсудзода баргузории ҳамоиши мазкурро судманд ва тақвиятбахшандаи равобити илмию фарҳангии тарафҳо арзёбӣ намуда, гуфт, ки “коршиносони байналмилалӣ аз Донишкадаи умумирусиягии кинематография ба номи С. Герасимов, Донишгоҳи санъат ва илми Ланҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, Донишгоҳи католикии Словакия, Донишгоҳи давлатии санъат ва маданияти Узбекистон ва коршиносони миллӣ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русия -Тоҷикистон ва МДТ “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи созишномаи ҳамкорӣ аз 25 сентябри соли 2019 то имрӯз якҷо бо масъулони Лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ” барои ба роҳ мондани ихтисосҳои нави “ВЕБ- журналистика”, “Иттилоот ва робита бо ҷомеа” дар таҳияи 4 стандарти таълимӣ ва 8 барномаи таълимӣ бо маслиҳату пешниҳодҳои судманди хеш саҳми сазовор гузоштанд”.
Менеҷери лоиҳа, декани факултети режиссура, кино ва телевизион, доктори илмҳои филология, профессор Зулфиддин Муъминҷонов маълумоти заруриро оид ба ҷамъбасти лоиҳаи татбиқшуда дар солҳои 2019-2021 пешниҳод намуда, иброз дошт, ки дар ин муддат силсилачорабиниҳо баргузор гардиданд. Гуфта шуд, ки 11 феврали соли 2021 дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма Студияи таълимии телевизион ва радио, озмоишгоҳҳои танзимгарӣ ва забономӯзии ихтисосии муҷаҳҳаз бо технологияи рақамии замонавӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи грантӣ донишкада соҳиби Студияи таълимии телевизион ва радио, озмоишгоҳҳои танзимгарӣ ва забономӯзии ихтисосии муҷаҳҳаз бо технологияи рақамии замонавӣ гардид.
Иштирокдорони ҳамоиш ҷамъбасти татбиқи лоиҳаи грантии “Тайёр намудани мутахассисони соҳаи воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар шароити гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ”-ро натиҷагирӣ намуда, ба хулоса омаданд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо дар амалӣ гардондани сиёсати давлатӣ ва тарбияи мутахассисони ояндаи соҳаи фарҳанг ва санъат нақши калидӣ мебозад.
АКСҲО: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет






