Барномаи рушди СММ: Бо талошҳои Ҳукумат вазъи COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил аст

Ноябрь 25, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо талошҳои пайвастаи Ҳукумат вазъи бемории сироятии  COVID-19 дар Тоҷикистон муътадил  аст.  Дар ин бора 24 ноябр зимни мулоқот бо Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода намояндаи доимии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта  иброз дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.

Ҷамолиддин Абдуллозода   иброз дошт, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муқовимат ва аз байн бурдани пандемияи COVID-19 тамоми имконияту иқтидорро сафарбар намуд, ки  дар натиҷа вазъи эпидемиологии кишвар муътадил гардид.

«Саҳми Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар ин давра муҳим арзёбӣ карда мешавад. Барои дастгирии таъсиси Маркази коммуникатсионӣ ба Шумо бори дигар миннатдорӣ иброз менамоям, чунки ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани  фаъолияти мунтазами вазорат бо муассисаҳои зертобеъ хело мусоидат намуд»,- зикр кард Ҷамолиддин Абдуллозода.

Дар идомаи  мулоқот ҷонибҳо баҳри тақвият бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 25, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд