Имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 19.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси факултети химия, биология ва географияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, номзади илмҳои филологӣ Айниддин Холиқзода конференсияи илмӣ-амалиро оғоз намуда, дар мавзӯи мавриди назар изҳори андеша намуд.
Сипас мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷамолиддин Тоиров дар мавзӯи «Имкониятҳои истифодаи захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии минтақаи Кӯлоб», номзади илмҳои география Шералӣ Гадоев дар мавзӯи «Арзёбии шароити геоэкологии минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиии минтақаи Кӯлоб дар рушди сайёҳӣ экологӣ», саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳ Рухшона Иброҳимова дар мавзӯи «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб», саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳ Азиз Мирзоев дар мавзӯи «Самтҳои асосии инкишофи агротуризм дар минтақаи Кӯлоб: вазъи имрӯза ва оянда», ассистенти кафедраи география ва сайёҳии донишгоҳ Бахтовари Анвар дар мавзӯи «Рушди сайёҳии кӯҳӣ дар минтақаи Кӯлоб: мушкилот ва дурнамо», ассистенти кафедраи география ва сайёҳӣ Амирхони Шарифхон дар мавзӯи «Иқтидори захираҳои сайёҳӣ ва рекреатсионии ноҳияи Балҷувон», донишҷӯи соли чоруми ихтисоси география Мадасани Азизмад дар мавзӯи «Истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар рушди сайёҳӣ (дар мисоли ноҳияи Ш.Шоҳин)» ва ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва сайёҳии Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Рустам Шарипов дар мавзӯи «Баъзе монеаҳо дар рушди сайёҳии минтақаи Кӯлоб ва роҳҳои ҳалли онҳо» маърӯза намуданд.
Зимни пешниҳоди маърӯзаҳо масъалаи имкониятҳо ва мушкилоти рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб ба таври муфассал баррасӣ гардида, баҳри рафъи монеаҳо таклифҳои ҷолиб манзур гардиданд.
Зикр шуд, ки минтақаи Кӯлоб дорои ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, аз қабили Қасри шоҳони Хатлон- Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Шаршараи Сари Хосор, Қалъаи Мири Балҷувон, Чилухтарон ва боз даҳҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ буда, садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо боздид намуда, таассуроти нек бардоштаанд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҷрибаи бархе аз кишварҳои ҷаҳон, назири Чин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Таиланд ва дигар давлатҳо, ки дар бахши сайёҳӣ муваффақ гардидаанд, мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.
Конфронс бо саволу ҷавоб ва музокираҳо байни устодону донишҷӯён ва дигар иштирокдорон ба анҷом расид.
АКСҲО: ДДК








Ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди ОПЕК дар самти ҳифзи муҳити зист густариш меёбад
Дар Кӯлоб таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Тоҷикистон ва ИМА таъсиси Шурои муштараки кориро баррасӣ намуданд
Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид
ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН — РАМЗИ ОЗОДӢ, ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи COP31 Тоҷикистон, Умон ва Непал роҳҳои ҳалли мушкилоти обу иқлимро баррасӣ карданд
Соли 2027 дар гузаргоҳи гумрукии ноҳияи Спитамен сохтмон ва насби таҷҳизоти сканкунии борҳо оғоз мегардад
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди вазирони Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 3,5 кило маснуоти тиллоӣ мусодира карда шуд






