Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 180 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтӣ гузаронида мешавад

Ноябрь 17, 2021 11:07

ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2022 тибқи дурнамои сохтори кишти зироат, дар ҷумҳурӣ бояд майдони 611 ҳазору 797 гектар шудгор карда шуда, дар майдони 180074 гектар кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзӣ гузаронида шавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии мамлакат.

Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ, то 12 ноябр кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 112  гектар шудгор ва дар майдони 70354 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд.

Аз нақшаи умумии кишти тирамоҳӣ 158 019 гектар ғалладонагӣ, 6363 гектар картошка ва 15692 гектар сабзавот мебошад.

Вазорати кишоварзӣ дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти озуқавории мамлакат, танзими нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дурнамои кишти тирамоҳӣ ва барвақтии зироати кишоварзиро вусъат бахшида истодааст.

       АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 17, 2021 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид