Конфронси Ассотсиатсияи байналмилалии академияҳои полис – «ИНТЕRPA» дар шаҳри Анталия доир шуд

Ноябрь 13, 2021 10:55

ДУШАНБЕ, 13.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо даъвати роҳбари Президенти Ассосиатсияи байналмилалии Академияҳои полис (ИНТЕRPA) сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Файзалӣ Шарифзода дар конфронси 10-уми INTERPA дар шаҳри Анталияи Туркия иштирок намуд, хабар доданд аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

11 ноябр ҳайати намояндагони расмии давлатҳои гуногун, ки теъдодашон зиёда аз 40 нафар буд, дар меҳмонхонаи Limak Atlantis Belek-и Анталия ҷамъ омаданд.

Мавзӯи ҳамоиш «Таъсири пандемияи COVID-19 ба фаъолияти политсия ва муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилӣ» буда, маърӯзаҳои ҳамаи иштироккунандагони конфронси байналмилалӣ маҳз ба ин мавзӯъ бахшида шуда буд.

Ташаббускори таъсиси чунин ассотсиатсияи байналмилалӣ Академияи миллии политсияи Туркия буда, он моҳи июли соли 2011 дар шаҳри Истанбул созмон ёфтааст. Дар ибтидои созмонёбӣ ба «INTERPA»  23 давлати Осиёву Аврупо, аз ҷумла Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзо буданд. Ҳоло беш аз 100 давлат аъзои ин созмони байналмилалӣ мебошанд.

Яке аз омилҳои ҳалкунандаи муборизаи муваффақона бар зидди ҷинояткорӣ- ин омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи политсия мебошад. Аз ин лиҳоз, зарурати муборизаи муштарак ва дастаҷамъона бар зидди олами ҷиноят ба миён омадааст. Маҳз ҳамин зарурат буд, ки заминаи таъсис ёфтани Ассотсиатсияи байналмилалии Академияҳои полис — «INTERPA» гардид.

АКС: ВКД ҶТ

Ноябрь 13, 2021 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад