Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир дар Тоҷикистон мулоқот намуд

Ноябрь 25, 2021 16:18

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии худ бо кишвари Шоҳигарии Британияи Кабир изҳори қаноатмандӣ намуда, нақши парлумонҳоро дар пешбурди муносибатҳои бисёрҷониба ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор баланд арзёбӣ менамояд.

«Дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи обшинаҳои Шоҳигарии Англия бо Ассамблеяи (Парламенти) Ирландияи Шимолӣ ва Парламенти Шотландия дар алоҳидагӣ амал ва фаъолият менамоянд. Итминон дорам, ки бо ҷоннок ва фаъол намудани  гурӯҳҳои дӯстии байни парлумонҳо бо талошҳои муштарак ҳамкории мутақобилан судманди худро ба сатҳи сифатан нав мебардоранд»,-афзуд  Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи барқарор ва рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои аврупоӣ, ки давлати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар байни онҳо мақоми хосса дорад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

Дар мулоқот ҳамчунин таъкид гардид, ки миёни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хубе бунёд гардида, аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат ва эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.

АКС: МН МО ҶТ

Ноябрь 25, 2021 16:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид