Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи Шӯрои АБ СААД иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар кори ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи чордаҳуми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи амнияту дастҷамъӣ иштирок намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҷаласаи мазкур дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин доир гардид.
Тибқи барнома, дар ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои ин Созмон- Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба мавзӯи «Татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021» иброз дошт, ки «итминон дорам, ки дар шароити душвори имрӯза давлатҳои узв метавонанд якҷоя амният ва суботро дар минтақаи масъулияти ин созмони бонуфуз таъмин намоянд. Мехоҳам таъкид намоям, ки давраи раёсати Тоҷикистон ба давраи афзоиши чолишҳои фавқулода ва таҳдидҳо ба минтақаи амнияти дастҷамъӣ рост омад. Дар баробари таназзули шадиди вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон марҳалаи хатарноки пандемияи COVID-19, ки боиси буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар миқёси ҷаҳонӣ гардид, таъсири манфиро идома дод».
Дар кори ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои мубрами амнияти байналмилаливу минтақавӣ, натиҷаҳои асосии фаъолияти СААД тайи давраи раёсати Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ ва татбиқи самтҳои афзалиятноки пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мавзӯъҳои марбут ба вазъияти ниҳоят мураккаби Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокдорони ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масъалаҳои рӯзнома, аз ҷумла «Дар бораи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021», «Дар бораи афзалияти Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсати ҷумҳурӣ дар СААД», « Дар бораи ҷамъбасти ҷаласаи моҳи сентябри 2021 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ дар кишварҳои узви СААД ва мухофизати онҳо аз дахолати хориҷӣ», «Дар бораи лоиҳаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва тавсияҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонии СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ворид шудаанд» ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
АКСҲО: МН МО ҶТ








Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода ба сокинони Рашт нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон доир шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид






