МОЯИ ИФТИХОРИ МО. Конститутсияи Тоҷикистон яке аз беҳтаринҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шудааст
ДУШАНБЕ, 06.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусияти мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмилалӣ яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳон дониста шуда, он мояи ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Ин нукта 5 ноябр зимни ҳамоиши тантанавӣ дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки бо иштироки кормандони дастгоҳи марказии Федератсия, кумитаҳои соҳавӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши Суруди миллӣ баргузор гардид, иброз гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон.
Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода гуфт, ки волотарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи Тоҷикистони навин соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Имсол таҷлили Рӯзи Конститутсия ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки дар ин рӯзҳо маҳз тавассути дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сар то сари Тоҷикистони соҳибистиқлол амалҳои созандагию бунёдкорӣ идома дошта, дар ин муддат садҳо иншооти мухталифи дорои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Муовини якуми Раиси Федератсия Исмоил Файзизода ва мудири шуъбаи ҳуқуқ Иброҳим Саидзода рукнҳои алоҳидаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавзеҳ доданд.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои мардум, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумимиллӣ бори аввал бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз роҳи миллати моро ба сӯи музаффарияти нав ба нав муайян сохт.
АКС аз ФИКМТ








Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид






