Ғояҳои созандагӣ, таҳаммулпазирӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониро тарғиб менамоем, — бардошт аз машварати КИ ҲХДТ дар Хатлон
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи «Муқовимат ба маводи муғризона» машварат баргузор гардид, ки дар он чанд нафар аъзои гурӯҳи вокунишгарони назди кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд, хабар доданд аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён иброз дошт, ки дар самти пешгирӣ ва мубориза бо зуҳуроти экстремистиву террористӣ аз фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб умеди калон доранд. Аз ҷумла, мақсад аз ташкили машварати мазкур низ тақвият бахшидани кори гурӯҳҳои фаъоли ҷомеа дар ин самт мебошад. Мавқеъгирии фаъолон ва вокуниш нишон додан нисбат ба гурӯҳҳои иғвоангез дар ташаккули афкори ҷомеа ва воқифгардонии сокинон аҳамияти муҳим дорад. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо таъсиси саҳифаи вокунишҳо ва арзу шикоятҳо дар ин самт мусоидат намуда, ҳамзамон дар ҳалли дигар мушкилиҳои ҷомеа саҳм мегузорад.
«Дар муқовимат бар зидди ҳаракатҳои иртиҷоӣ мо бояд мушоҳидакор буда, зиракии сиёсиро пешаи худ намоем. Мо, фаъолони соҳаи идеология, дар ин ҷода бояд пешоҳанг бошем, зеро ҳадафи олии ҳизби мо маҳз таъмини зиндагии шоистаи мардум аст», – гуфт Қиёмиддин Миралиён.
Зикр гардид, ки дар ҷомеа гурӯҳи одамоне мушоҳида мешаванд, ки доимо аз пайи шикоят буда, бо баъзе гуфторҳои нобоваронаи худ нисбат ба ояндаи нек ба афкори хушбинонаи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, мо фаъолони ҷомеаро мебояд, ки дар баробари муқовимати идеологӣ алайҳи гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ҳамчунин ғояҳои созандагӣ, таҳаммулпазирӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсониро тарғиб намоем.
АКС: КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






