Рӯзи Парчамро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо шукӯҳи хосса ҷашн гирифтанд

Ноябрь 23, 2021 15:16

ДУШАНБЕ, 23.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Ин нуктаро имрӯз Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода зимни баргузории ҳамоиши фарҳангии «Инъикоси рамзҳои давлатӣ дар саҳифаҳои матбуоти донишоҳӣ» зикр намуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Зикр шуд, ки таҷлили Рӯзи Парчами давлатиро метавон иди баландбардории ҳисси миллӣ, хештаншиносӣ, фараҳу шодкомӣ ва саодату шарафмандии ҳар фарди ватандӯсти миллати тоҷик унвон кард. Ҳамзамон таҷлили ин рӯзро нишони эҳтироми хосса ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд донист.

Ҳамоиши мазкур бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва солгарди таъсиси нашрияи донишгоҳии «Ба қуллаҳои дониш» бо ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардида, дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, кормандони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ҲХДТ дар ноҳии Шоҳмансур ва кормандони ВАО ширкат  варзида, оид ба мақому таърихи пайдоиши парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон сухан гуфтанд.

Раиси иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Нематзода иброз дошт, ки «мояи ифтихору шодмонист, ки фарзандони даврони соҳибистиқлолии кишварамон бо донишу фарҳанги баланд ва истеъдоди варзишиашон ҳамарӯза дар даҳҳо озмуну форуму фестивалҳо ва чорабиниҳои гуногуни варзишии сатҳи байналмилалию ҷаҳонӣ иштирок мекунанд. Ва ҳамеша онҳо бо худ парчами милллиро ҳамроҳ мегиранд, то бо ифтихори баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ин рамзи муқаддаси миллиро баланд бардоранд. Танҳо ба хотири иштироки намояндагони давлатамон дар барномаҳои гуногуни сиёсӣ,  иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ  дар кишварҳои хориҷӣ  ҳамарӯза Парчами давлатии Тоҷикистон боло мегардад».

Дар ҳамоиши мазкур зикр гардид, ки имрӯз аз таъсиси нашрияи «Ба қуллаҳои дониш», ки ҳамчун оинаи донишгоҳ муаррифӣ мешавад, 65 сол сипарӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки нашрияи мазкур манбаи хуби иттилоърасонӣ ба кулли устодону кормандон ва алоқамандони донишгоҳ мебошад.

Таъкид гардид, ки дар саргаҳи ин нашрия шахсиятҳое истода буданд, ки бо номи нек ва мероси арзишманди илмиву тадқиқотиашон дар китоби таърихи донишгоҳ ҷовидонӣ сабт шудаанд. Инҳо муҳаррирон  ва кормандони газета Абдураҳмон Бухоризода, Худойдод Ҳусейнов, Воҳид Асрорӣ, Баҳриддин Камолиддинов ва дигарон ҳастанд.

Зимни баргузории ҳамоиш Раиси Федереатсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар робита ба Рӯзи Парчами давлатӣ ва дастовардҳои варзишгарони мамлакат зумрае аз ҷавононро бо сипоснома қадрдонӣ намуд.

Дар охир баҳри фароғати иштирокдорон барномаи фарҳангӣ манзур карда шуд.

АКСҲО: Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Ноябрь 23, 2021 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд