Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мулоқот намуданд

Ноябрь 25, 2021 16:37

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеровро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии сафири Озарбойҷонро  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки барои тақвияти муносибатҳои байни ду давлати  дӯст иқдомҳои зарурӣ пеш мегиранд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷонро баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати сӣ соли гузашта таъкид  намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ, байнипарламентӣ ва байниминтақавӣ, аз ҷумла таҳкими заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

АКСҲО: ММ МО ҶТ

Ноябрь 25, 2021 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд