Роҳбарони намояндагиҳои палатаҳои савдо ва саноати вилояти Суғд ва Беларус дар Минск мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 3 ноябр роҳбарони намояндагии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ дар вилояти Суғд ва шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Беларус дар вилояти Минск мулоқот намуданд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот раиси намояндагии Палатаи савдо ва саноат дар вилояти Суғд Муҳаммадҷон Муҳаммадҷонов ва директори шуъбаи Палатаи савдо ва саноати Беларус дар вилояти Минск Сергей Набешко доир ба ҳамкории мутақобилан судманд ибрози андеша намуданд.
Зимни мулоқот роҳбарони ширкатҳои саноатии вилояти Суғд ва корхонаҳои саноатии Беларус миёни ҳам оид ба роҳандозии ҳамкорӣ гуфтушунид карда, ҷиҳати мубодилаи молу маҳсулот табодули андеша намуданд.
АКС аз Хадамоти матбуотии вилояти Суғд








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






