Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай тариқи видеоконфронс баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок ва сӯханронӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҷаласаи навбатӣ вазъи ҳамкориҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, энергетика, тандурустӣ, маориф ва илм, иқтисод, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим ва амният мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба рушд бахшидани ҳамгироии кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай фикру мулоҳизаҳои судманд байён карда шуд.
Сарвазири мамлакат зимни сӯханронӣ таъкид намуд, ки тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар доираи Стратегияи рушди Созмони Ҳамкории Шанхай барои то соли 2025 ва Барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ зарур мебошад.
Ҳамчунин зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳо бо кишварҳои аъзо ва нозири Созмони Ҳамкории Шанхай ҳавасманд буда, дар замони муосир татбиқи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коркард ва қабули Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи Созмони Ҳамкории Шанхай то соли 2030 саривақтӣ мебошад.










Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






