Соҳибкор Хуҷамурод Азимов ба беморхонаи марказии шаҳри Норак мошини ёрии таъҷилӣ тақдим намуд

Ноябрь 11, 2021 10:37

ДУШАНБЕ, 11.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соҳибкори маҳаллӣ, директори Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Заводи таҷрибавӣ-механикӣ» Хуҷамурод Азимов ба беморхонаи марказии шаҳри Норак як адад мошини ёрии таъҷилии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ тақдим намуд, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими тақдими мошини ёрии таъҷилӣ раиси шаҳри Норак  Дилшод Асозода ба соҳибкори муваффақ  барои иқдоми некаш изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ин амали соҳибкорон намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки  соҳибкор Хуҷамурод Азимов аз соли 2019 инҷониб беморхонаи марказӣ ва Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияро ройгон бо кислород таъмин менамояд.

АКСҲО: МИҲД шаҳри Норак

Ноябрь 11, 2021 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд