Соҳибкорони вилояти Красноярски ФР бо сафари корӣ ба вилояти Суғд меоянд

Ноябрь 23, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ  «Ховар»/. 24 ноябр гурӯҳи соҳибкорони вилояти Красноярски Федератсияи Русия бо сафари чоррӯзаи корӣ ба вилояти Суғд меоянд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ “Ховар”.

Дар доираи сафари корӣ соҳибкорони рус бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шинос шуда, аз Минтақаи озоди иқтисодии  «Суғд» дидан менамоянд.

Тоҷирони рус бо соҳибкорони вилояти Суғд мулоқот анҷом дода, доир ба таҳкими робитаҳо ва додугирифти молу маҳсулот гуфтушунид мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади расидан ба афзалияти миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин  раванд  ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла  МОИ «Суғд», «Панҷ»,  «Данғара», «Ишкошим»  ва «Кӯлоб» таъсис дода шудаанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд