Сулаймон Султонзода: Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд

Ноябрь 16, 2021 13:55

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд. Ин нуктаро имрӯз Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода зимни ҷамъомад бахшида ба таҷлили Рӯзи Президент тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҷамъомад кормандони Агентӣ ва муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иштирок доштанд.

Зимни ҷамъомад директори Агентӣ Сулаймон Султонзода зикр намуд, ки аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад.

«Хушбахтона, гузаштан ба низоми идоракунии Президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид», — гуфт директори Агентӣ.

Дар идома ӯ тазаккур дод, ки мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва хидматҳои бузургу шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад.

«Зеро таърих гувоҳ аст, ки дар раванди фаъолият дар мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Президентиро ба ниҳоди наҷотдиҳандаи давлат ва сарҷамъии миллат табдил доданд», — таъкид намуд С. Султонзода.

Ҳамзамон директори Агентӣ бо бовари комил иброз намуд, ки кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас бо Ватани соҳибистиқлол, Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дар идома муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода доир ба хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи эҳёи давлати тоҷикон, барқарории сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик, ваҳдати миллӣ ва дигар хизматҳои шоёни ин абармарди таърихӣ тариқи назму наср ибрози андеша намуд.

Дар ҷамъомад кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво карданд.

Дар фарҷом аз ҷониби Давлат Сафарзода ба як зумра кормандони Агентӣ китобҳои «Ҷасорати бузурги Пешвои миллат» ва «Назаркарда», ки ба ҳаёт ва фаъолияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудаанд, тақдим гардиданд.

АКСҲО: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ

Ноябрь 16, 2021 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид